Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар ҷаноби Нурулҳақ Улумӣ ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сараввал Рамазон Раҳимзода, Вазири умури дохилӣ ва ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба сарзамини офтобии Тоҷикистон хушомадед гуфта, зикр кард, ки робитаи байни ду вазорат бар асари саъю кӯшиш ва талошҳои муштарак рӯ ба густариш ниҳодааст.
Солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти корҳои дохилии кишварҳои хориҷи дуру наздик дар доираи созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ривоҷ ёфта истодаанд.
Муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвари бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар заминаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудааст.
Бояд қайд кард, ки соли 2005 Созишнома байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин соли 2014 Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷанба байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расонида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Созишномаҳои мазкур ҷиҳати рушди фаъолонаи ҳамкориҳо миёни ҳарду Вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан дар шаклҳои муташаккили он равона гардидааст.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷонибдори стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошанд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нурулҳақ Улумӣ изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи мо бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳо бо пуррагӣ вусъат ёфта, ҳамкориҳо дар дигар самтҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои байналмилалӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста