Ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин иборат аз беш аз 100 нафар ба шаҳри Душанбе омаданд.
Тавре ба «Азия-Пюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Чин пас аз омадан ба Душанбе дарҳол ба маркази омӯзишии ВКД, воқеъ дар дараи Маргови шаҳри Ваҳдат раҳсипор шуданд, ки рӯзи 6 июн дар он ҷо бо хадамоти махсуси ВКД Тоҷикистон тамринҳои муштарак мегузаронанд.
Ба иттилои манбаъ, дар тамринҳо тарзу усулҳои амалҳои муштараки воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бар зидди гурӯҳҳои террористӣ дар шароити кӯҳсор мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки тамринҳоро вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Ӯзбекистон - Адҳам Аҳмадбоев, Русия - Владимир Колоколтсев, Қирғизистон - Мелис Турганбоев, Қазоқистон - Қулмуҳанбет Қосимов ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин, узви Шӯрои давлатии Чин - Го Шэнкун мушоҳида хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста