Рӯзи 4 июни 2015 дар Москва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Амният ва субот дар минтақаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай» ширкат варзид.
Зимни суханронӣ дар конфронс Сироҷиддин Аслов қайд кард, ки имрӯз дар бораи як қатор омилҳои дохилии минтақа мебояд ҳарф зад, ки ба амнияту субот дар минтақаи СҲШ таъсир мерасонанд.
Ба андешаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, омилҳои халалдорсози амнияту субот дар минтақаи СҲШ пурзӯр шудани таъсири ақидаҳои бунёдгароӣ ва таассуб, афзоиши шумори гурӯҳу ҳаракатҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, зиёд шудани шумори шаҳрвандони минтақаи Осиёи Марказӣ дар мактабҳои сабтиномнашуда ва ғайриқонунии динӣ ва марказҳои омодасозии ҷангиёни террорист дар хориҷа мебошад.
«Ғайр аз ин, мавҷудияти тарзҳои гуногуни муносибат ба истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикии минтақа, хотима наёфтани ҷараёнҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ миёни кишварҳои ҷудогонаи минтақа, ҷой доштани монеъаҳои сунъӣ дар самти транзити мол ва ҳаракати озодонаи одамон ва ҳамчунин ҳамоҳангсозӣ нашудани қарорҳо оид ба мушкилоти амнияти минтақа ва ҷаҳон, метавонад субот дар минтақаи СҲШ-ро халалдор намояд», - таъкид доштааст Сироҷиддин Аслов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста