- Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз арсаи сиёсии сайёра бартараф кардани ба истилоҳ созмони «Давлати исломӣ» тадбирҳои ҳамоҳангшудаву ҷиддӣ сари кор нагираду оид ба дар Афғонистон таъсис додани ҳуқумати ҳақиқатан ҳам ба эътимоди мардум сазовор, ки ба он тамоми гурӯҳҳои ба ҳамдигар душман, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» шомил шуда тавонанд, чораҳои муаасир наандешад, ҷанг миёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва «Толибон» ногузир аст, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» собиқ сардори Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон, генерал-майор Файзулло Гадоев.
Ба андешаи ӯ, агар ин ҷанг оғоз ёбад, он бо бераҳмиву бисёрмиқёсии худ ба бисёре аз кишварҳо мушкил эҷод месозад.
«Ҷанг миёнии ДИИШ ва «Толибон» бинобар сабаби ду омил - иделогӣ ва молиявӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Идеологияи ДИИШ - равияи «Салафия» ҳеҷ наметавонад бо равияи «Ҳанафия» созиш кунад, ки ҷонибдорони он «Толибон» мебошанд. Омили дигар маводи мухаддир аст, ки феълан барои мусаллаҳ кардани ҷангиёни ҳарду ҷониб хеле зарур аст», - қайд кард генерал-майор.
Дар ҳамин ҳол, ӯ хотиррасон намуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ ба терроризми байнулмилалӣ аст.
Дар бораи дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани гурӯҳҳои ДИИШ ахбори зидду нақиз мавҷуд аст. Фармондеҳи марзбонии Эрон генерал-майор Қосим Ризоӣ чанде қабл ба хабаргузории «Форс» дар ин робита изҳор намуд , ки маълумоти чанде аз коршиносон ва як қатор ВАО дар бораи пайдо шудани ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДДИШ) дар Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистон беасос аст. «Ин гуна маълумот беасос аст, вале дар минтақа нерӯҳое мавҷуданд, ки ба ноамн кардани вазъ кӯшиш ба харҷ медиҳанд», - қайд кард генерали эронӣ.
Ба ақидаи коршиноси тоҷик, собиқадори мақомоти амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Давлатҳоҷӣ Назиров, гурӯҳи ба истилоҳ Хуросони ДИИШ кайҳост, ки дар қаламрави Афғонистон қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста