Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон чанде қабл зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд изҳор намудааст, ки то имрӯз барои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳудуди 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқу Сурия ҳалок шудаанд.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки прокурори генералии ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфтааст, айни замон тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, ки синнашон аз 18 то 35-соларо ташкил медиҳад ва танҳо аз шаҳри Исфара дар ин сафҳо 40 нафар дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.
Юсуф Раҳмон қайд кардааст, ки беш аз 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳамсару фарзандони худ ба ҷанги Ироқу Сурия раҳсипор шудаанд, ки минбаъд ҳамсар ва фарзандони ҷангиёни ҳалокшуда ба ғуломони ҷангиёни ДИИШ табдил меёбанд.
Прокурори генералӣ аз сокинони ин шаҳру навоҳӣ даъват кардааст, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон, пешгирии қонуншиканӣ миёни ҷавонон ва дода нашудан ба даъватҳои созмонҳои террористӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. «Дар шабакаи Интернет имрӯз зиёда аз 7 ҳазор адад сомонаҳои ин гуна созмонҳои террористӣ фаъолият доранд», - таъкид доштааст прокурори генералӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста