Шаби 4 ба 5 июн марзбонони тоҷик ду кӯшиши убури марзи давлатӣ аз ҷониби қочоқбарони афғонро пешгирӣ намуданд.
Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қитъаи «Ҳамадонӣ»-и марз аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуда, қочоқбарони афғон дар ҷойи задухӯрди мусаллаҳона 42 кило ҳашиш ва 2 кило афюнро гузошта, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.
Ба гуфтаи ӯ, худи ҳамон шаб дар қитъаи «Панҷ»-и марз бо қочоқбарон муқовимати мусаллаҳона сурат гирифта, дар ҷойи ҳодиса ҷасади марди тақрибан 40-45-солаи афғон, автомати Калашников бо се тирдон ва 25 кило ҳашиш дарёфт шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо чораҳои зарурии тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста