Пас аз набарди 7-рӯза ҷангиёни ҳаракати «Толибон» вулусволии Юмгони вилояти Бадахшони Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ишғол намуданд. Дар ин бора хабаргузории «Хома» иттилоъ медиҳад.

Закариё Савдо, вакилони парлумони Афғонистон ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудааст, ки раҳбарияти нерӯҳои амнияти Афғонистон барои пешгирии тасарруфи вин вулусволӣ дар Бадахшон, талоши кофӣ ба харҷ надодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, шумори ҷангиёни «Толибон» дар вулусволии Юмгон ҳудуди 300 нафарро ташкил дода, миёни онҳо сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Чеченистон ҳам ҳузур доранд.

Васоити ахбори умуми Афғонистон ҳамчунин иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз нерӯҳои сохторҳои қудратии ин кишвар барои дубора аз толибон озод кардани вулусволии Юмгон ба амалиёти бузургмиқёсе даст задаанд.

Қобили зикр аст, ки вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ аст, ки ҳудуди 33 ҳазор аҳолӣ дошта, аксари онҳо пайравони мазҳаби шиаи исмоилӣ мебошанд. Шумори аҳолии вилоят бошад, қариб 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.