Додарарӯси раиси парлумони Афғонистон аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории «Пажвок» иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кушташуда ба қочоқи маводи мухаддир тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон машғул будааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар ин робита гуфтааст, ин шахсро, ки аз ному насабаш дар ҳеҷ куҷое хабар дода намешавад, ҳангоми убури марз дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз марзбонони тоҷик нобуд кардаанд.
Тибқи маълумоти хабаргузории «Қундуз нюс», дар паҳлӯи кушташуда марзбонони тоҷик 25 кило маводи мухаддир ва силоҳ дарёфт кардаанд. Ҷасади ӯ ба ҷониби Афғонистон супурда шудааст.
«Қундуз нюс» ҳамчунин менависад, афсари кушташуда додарарӯси раиси парлумони Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ мебошад. Қаблан аз ҷониби вазири корҳои дохилии Афғонистон ӯ ба мансаби сардори хадамоти амният дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз таъин шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар ин бора маълумот дастрас намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста