Тибқи иттилои васоити ахбори умуми Афғонистон, додарарӯси раиси парлумони ин кишвар аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шудааст.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Розиқов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қочоқбари афғон марзи давлатиро гузашта, ба огоҳкунии сарҳадбонон итоат накардааст ва баъди ин аз ҷониби марзбонон ҷиҳати нобуд кардани марзшикан тадбирҳо андешида шудаанд.
«Дар бораи робитаҳои хешутабории ӯ бо раиси парлумони Афғонистон мо ҳеҷ маълумоте дар даст надорем», - изҳор кард номбурда.
Сомонаи хабаргузории «Пажвок» дар шарҳи ин маълумот хабар дода буд , ки кушташуда ба қочоқи маводи мухаддир тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон машғул будааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар ин робита гуфтааст, ин шахсро, ки аз ному насабаш дар ҳеҷ куҷое хабар дода намешавад, ҳангоми убури марз дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз рӯзи 6 июн марзбонони тоҷик нобуд кардаанд.
Тибқи маълумоти хабаргузории «Қундуз нюс», дар паҳлӯи кушташуда марзбонони тоҷик 25 кило маводи мухаддир ва силоҳ дарёфт кардаанд. Ҷасади ӯ ба ҷониби Афғонистон супурда шудааст.
«Қундуз нюс» ҳамчунин менависад, афсари кушташуда додарарӯси раиси парлумони Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ мебошад. Қаблан аз ҷониби вазири корҳои дохилии Афғонистон ӯ ба мансаби муовини сардори хадамоти амният дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз таъин шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста