Бо мусоидати амири Қатар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ чор нафар марзбонони тоҷик, ки рӯзи 19 декабр аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати Толибон асир гирифта шуда буданд, озод гардиданд. Дар ин бора дар маълумоти интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Қатар иттилоъ дода мешавад.
Марзбонони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Фарҳод Калонови 19-сола, Сироҷ Давлатови 24-сола, Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола ва Меъроҷиддин Шодиеви 21-сола рӯзи 19 декабри соли 2014 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо супориши фармондеҳашон ба асорат афтода буданд. Ҳамаи онҳо дар қисми низомии 2610-и дастаи сарҳадбонии Панҷ адои хизмат мекарданд.
Марзбонони тоҷик ҳудуди ним сол таҳти назорати ҳаракати Толибон дар асирӣ дар Афғонистон қарор доштанд.
Ҳангоми дар асорат қарор доштани онҳо, суди ҳарбии гарнизони Хатлон ҳамон замон иҷрокунандаи вазифаи сардори дастаи сарҳадбонии «Панҷ» Алимуҳаммад Додокалоновро ба 8,5 соли зиндон маҳкум намуд, зеро маҳз бо супориши ӯ марзбонон барои ҷамъоварии ҳезум ба марз бо Афғонистон рафта буданд. Ҳамчунин ронандаи қисми низомӣ Умедҷон Сангов, ки А.Додокалонов ва марзбононро зимни ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳӣ карда буд, низ ҷаримабандӣ шуд.
Аввали моҳи январ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ итминон дода буд, ки марзбонони асир дар фурсати наздиктарин раҳо карда мешаванд, вале баъдан ба раҳбарияти ноҳияи мазкур хабар доданд, ки марзбонони асирро аз вулусволии Имом Соҳиб ба дигар мавзеъ интиқол дода, акнун аз онҳо дигар хабаре нест. Айни замон марзбонон озод гардида, вале алҳол макони будубоши онҳо маълум нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста