Фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом дар робита ба марги сарбози навдаъватшуда Фирдавс Раҳматови 22-сола аз хизмат барканор шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, се нафар ҳамхизматони сарбози марҳум ба гумони даст доштан дар куштори ӯ ба ҳабс гирифта шудаанд.
«Тақдири минбаъдаи фармондеҳони аз хизмат барканоршуда баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аз рӯйи далели марги Ф.Раҳматов боз шудааст, маълум мешавад», - гуфт сухангӯи вазорат.
Ёдрас мекунем, ки ҷасади наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат барои ба хок супурдан ба волидонаш овардаанд.
Ғанӣ Раҳматов, падари сарбози фавтида дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук дар ин бора навишта буд: «Писари ман Раҳматов Фирдавс Ғаниевич, санаи таваллуд 22.12.1993 сол, зода ва сокини шаҳри Хуҷанд. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки қотилони фарзанди азизам ӯро лату кӯб ва ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонида, ба марг расониданд. Писарам дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом, вилояти Суғд санаи 07.05.2015 сол ба сафи ҳарбӣ даъват шуда, санаи 07.06.2015 сол ҷасадашро гирифта оварданд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста