Дар доираи сафари хизматии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ӯ ба Ротаи таъиноти махсуси милитсия (РТММ)-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз рафти фаъолият ва шароитҳои хизматии ин ниҳод дидан намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар саҳни бинои Ротаи таъиноти махсуси милитсия аз ҷониби кормандон машқҳои низомӣ-тактикӣ доир гардида омодагии ҷисмонӣ ва малакаю маҳорати онҳо бо дарки баланди касбӣ намоиш дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни сӯҳбат бо ҳайати шахсии Рота қайд кард, ки роҳбарияти давлату ҳукумат барои беҳтар намудани шароити хизмативу иҷтимоии кормандон доимо ғамхорӣ зоҳир намуда, хизмату ҷонфидоиҳои муҳофизони халқу Ватанро қадр мекунад. Таъкид карда шуд, ки дар баробари ин дастгириҳо хизматчиён аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, маҳорату малакаи касбии худро мунтазам сайқал диҳанд ва дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ оштинопазир бошанд.
Дар хотимаи машқҳои тактикӣ-низомӣ аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони Ротаи мазкур бо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ротаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои пеш бурдани фаъолияти хизматӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста