Дар нишасти хабарии дабири кулли Сомзони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа, ки рӯзи 18 июн дар маркази матбуоти Хабаргузории байнулмилалии «Россия Сегодня» доир гардид, дабири кулли СААД изҳор намуд, ки ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо нисбати кишварҳои узви СААД ҳамеша посухи сазовор дарёфт хоҳад шуд.
«Ман чунин фикр мекунам, ки иқтидори нерӯҳои дар СААД муттаҳидшуда ба муқовимат бо ҳама гуна нерӯҳо дар ҳама гуна миқёс кофӣ аст. Мо гурӯҳҳои дуҷонибаи муштарак, Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамал, Неӯҳои дастаҷамъонаи авиатсионӣ ва дигар воҳидҳои бисёрсоҳавӣ дорем, ки ба таҳдидҳои ҳама гуна миқёс вокуниш нишон хоҳанд дод», - изҳор кард Николай Бордюжа ва илова намуд, ки оқилона истифода кардани нерӯ ва имконоти захирашуда муҳимтар мебошад.
Дабири кулли Созмон қайд кард, ки ба тарҳҳои ИМА оид ба таҳкими воҳидҳои низомӣ дар Аврупо ва афзоиши размоишҳои низомии кишварҳои узви НАТО дар Аврупои Шарқӣ муносибати манфӣ дорад.
Дар робита ба таҳдидҳои бармеомада аз Афғонистон Бордюжа зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса дошта, тамринҳои моҳи май дар ин кишвар доиргардидаи санҷиши омодагии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД, баҳри тайёрӣ ба муқовимати сазовор бо ин ситезаҷӯиҳо нигаронида шуда буданд.
Дар посух ба савол дар бораи афзоиши шумори кишварҳои узви СААД Николай Бордюжа гуфт: «Айни замон барои узвият аризаҳои нав мавҷуд нестанд, вале густариши ҳамкориҳо бо Эрону Чин дар нақша аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста