Рӯзи 23 июн Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 22-юмин солгарди таъсисёбиашонро ҷашн мегиранд.
Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Қушӯнҳои хушкигард, ки сохтори сершумортарин буда, 70%-и ҳайати Вазорати мудофиаро ташкил медиҳанд, тобистони соли 1993, замони идомаи ҷанги хуношоми шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд.
«Имрӯз Қушӯнҳои хушкигард бо тамоми аслиҳаву муҳимоти низомӣ ва техникаи зарурӣ муҷаҳҳаз ва бо ҳайати афсарони соҳибтаҷриба таъмин буда, ба иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар наздашон гузошташуда қодиранд», - гуфт Маҳмадалиев.
Ба гуфтаи ӯ, ба муносибати ҷашни солгарди таъсисёбии Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ миёни воҳидҳои қисми низомӣ озмунҳои гуногун ва дар байни сарбозону афсарон викторинаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста