Дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати боз ду тоҷики дар сафҳои Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҷанганда - Абдуҳаким ва Абӯ Барро Шаҳритӯсӣ маълумот интишор гардид.
Дар маълумоти мазкур акси онҳо гузошта шуда, дар шарҳу тавзеҳҳо аз онҳо ном бурда мешавад. Макони ҳалокати тоҷикон зикр нагардидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати ҳалокати як тоҷик дар Сурия Насим Наботов, сокини ноҳияи Фархор, ки қаблан дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсили илм мекард, иттилоъ мунташир гардида буд.
Ин маълумотро ба Радиои Озодӣ падари Насим - Абдулмаҷид Наботов ва ҳам мақомоти амниятии ноҳияи Фархор тасдиқ кардаанд. Абдулмаҷид Наботов гуфтааст, ки хабари кушта шудани писарашро ҳам аз мақомот ва ҳам аз рафиқони писараш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ мукотиба доштаанд, шунида, ба ӯ гуфтаанд, ки писараш дар таркише аз мина кушта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста