Се нафар аз марзбонони тоҷик, ки чанде қабл аз асорати ҳаракати «Толибон» аз Афғонистон озод карда шуданд, ба хизмати худ дар сафи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ идома медиҳанд. Як тан аз онҳо ба анҷоми муҳлати хизмат ба хонааш баргашт.
Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 19 июн Фарҳод Калонови 19-сола (сокини ш. Душанбе) муҳлати хизматро адо намуда, ба хонаашон баргаштааст.
«Се нафари дигар - Сироҷ Давлатови 24-сола (сокини ноҳ. Қумсангир), Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола (сокини ноҳ. Панҷакент) ва Меҳроҷ Шодиеви 21-сола (сокини ноҳ. Рӯдакӣ) ҷиҳати адои муҳлати боқимондаи хизмат ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд», - иброз дошт ӯ.
Фатҳулло Шодиев, падари Меҳроҷ Шодиев ба Радиои Озодӣ гуфтааст, фарзандаш як соли дигар барои анҷоми пурраи хизмати аскарӣ ҷалб карда шудааст ва дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе адои хизмат мекунад.
Мухтор Калонов, падари Фарҳод изҳор намудааст, ки писараш аз се рӯз ба ин тараф дар назди бародарону хоҳаронаш аст ва вазъи саломатиаш хуб мебошад ва ҳеҷ шикояте надорад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Қатар, марзбонони тоҷик бо мусоидати амири Қатар озод карда шудаанд. Марзбонони тоҷик ҳудуди ним сол таҳти назорати ҳаракати Толибон дар асирӣ дар Афғонистон қарор доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста