Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» яке аз минтақаҳои шимолу шарқи вилояти Қундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, тасарруф намуданд.
Хабаргузории РИА Новости дар шарҳи ин маълумот менависад, муқовимати мусаллаҳона миёни ҷангиён ва низомиёни хадамоти маҳаллии амнияти вилояти Қундуз дар ин мавзеъ муддати якчанд соат идома ёфтааст.
Бино ба маълумоти намояндаи ҳукумати маҳаллӣ Зулмайя Фарооқӣ (Zulmai Faroogi), ҷангиён ба вулусволии Чаҳор-Дара ҳамла карда, қисмати зиёди онро ишғол кардаанд.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз талошҳои ҳукумати Афғонистон ҷиҳати роҳандозии гуфтушунидҳо бо Толибон ба хотири расидан ба сулҳу созиш, ахири моҳи апрел ҷангиёни ин ҳаракат ба ҳамлаи бузургмиқёси «тобистона» оғоз карданд. Моҳи май онҳо маркази вилоят - шаҳри Қундузро ишғол намуданд. Бино ба изҳороти ҳукуматдорони маҳаллӣ, паҳлӯ ба паҳлӯ бо силоҳдорони Толибон тундгароёни созмони «Давлати исломӣ» низ меҷанганд.
Гуфта мешавад, ин ҳуҷуми аввали бузургмиқёси ҷангиёни ҳаракати Толибон пас аз анҷоми рисолати нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ (ISAF) ва НАТО аст.
Мавриди зикр аст, ки аз самти ғарбу шарқ чор вилояти Афғонистон - Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон бо Тоҷикистон ҳаммарзанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста