Дар мулоқоти имрӯза бо ҷавонони донишҷӯ, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор шуд, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад, зеро имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад.
Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор кард, ки ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
«Афзоиши нуфузи ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд», - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президент зикр кард, ки аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон низ эмин буда наметавонад.
«Аз ин лиҳоз, ҳарчи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст», - иброз дошт сарвари давлат.
Сарвари мамлакат ба ҳозирин иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумот ҳоло дар низоъҳои шадиди ҷиҳодӣ ва мазҳабӣ ба ҳайати созмони террористии ба ном Давлати исломӣ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони гумроҳгаштаи Тоҷикистон, аз ҷумла чандин нафарашон якҷо бо ҳамсару фарзандон, шомил шудаанд, ки қисмати зиёди онҳоро ҷавонони аз 18 то 25 - сола ташкил медиҳанд ва то имрӯз зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд.
«Айни ҳол 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таълимгиранда муайян шуда, инчунин далелҳои иштироки 11 нафар донишҷӯёни макотиби олии мамлакат дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ ба қайд гирифта шудааст», - изҳор намуд президент.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад ва афроде, ки ба Давлати исломӣ пайвастаанд, ҳам ба Ватан, ҳам ба падуру модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафия хиёнат карданд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста