Дар машварати байни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 7 июл дар шаҳри Маскав доир мегардад, масоили марбут ба муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳони имрӯза баррасӣ шуда, иштирокдорони машварат ҳамчунин ба мушкилоти кунунии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин робита менависад, зимни ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои муштараки кишварҳои узви Иттиҳод дар мубориза бо терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои бисёрҷониба ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар ин самт дар арсаи байнулмилалӣ дар назар аст.
«Пешбинӣ шудааст, ки ба арзёбии фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва мушкилоти «ҷангиён-террористони хориҷӣ», баррасии вазифаҳо оид ба муқовимат бо шаклҳои гуногуни зуҳуроти исломгароӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - қайд мешавад дар маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ атрофи масоили муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ҳамчунин таъмини амнияти байнулмилалии иттилоотӣ табодули назар сурат мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста