Заррина Сардорова, як зани 33-солаи дар Сурия ҳузурдошта, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як вақт се шавҳар доштааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост намуд, ки ӯро наҷот диҳанд.
Дар гузориши телевизонӣ, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳия шуда, рӯзи 30 июн тариқи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода шуд, таъкид мешавад, ки аввали моҳи январ ин зан ба модар ва шавҳараш изҳор намудааст, ки муддати як ҳафта барои истироҳат ба Туркия меравад. Шавҳари ӯ Рустам Раҳмонов барои сафари ҳамсараш ба Истамбул аз бонк дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтааст.
Вақте ки дар муҳлати муқарраршуда зан ба Душанбе барнамегардад, кормандони ВКД Тоҷикистон муайян мекунанд, ки ӯ дар қаламрави Сурия қарор дорад.
«Муайян карда шуд, ки ҳангоми иқомат дар Душанбе зан дар як вақт ду шавҳар дошта, маросими никоҳи ӯ бо шавҳари дуюмашро роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гузаронидааст», - қайд шуд дар гузориши телевизионӣ.
Ҳамчунин дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон таъкид мешавад, ки ҳангоми дар Сурия қарор доштанаш З.Сардорова ба марди сеюм ҳам ба шавҳар баромадааст.
Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ин зан аз ҳукуматдорони Тоҷикистон таваллову зорӣ мекунад, ки ӯро наҷот дода, ба бозгашташ ба ватан мусоидат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста