Шурӯъ аз якуми июл дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давраи тобистонаи таълим - марҳилаи душвори таълими ҷангӣ оғоз ёфт, ки дар доираи он тамоми қисму воҳидҳои низомӣ тибқи барномаи пештар тасдиқшуда омӯзиш мегиранд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи синфҳои таълимӣ ва машқгоҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо техникаи муосир ва адабиёти зарурӣ таъмину муҷаҳҳаз шудаанд.
Ба қавли манбаъ, дар қиёс бо давраи зимистонаи таҳсил, дар давраи тобистона, ки то 31 уми декабр давом мекунад, ба масоили марбут ба гузаронидани машқҳои саҳроӣ, тамринҳо дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ҷамъомадҳо дар машқгоҳҳои ҳарбӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста