Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати зарба задан ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамаҷониба омодагӣ мегирад.

Ӯ қайд кард, ки айни замон ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон мустаҳкам шуда, СААД омодагӣ изҳор намуд, ки дар вазъи фавқулода ба кишвар кумак мекунад. «Чанде қабл дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ размоишҳои бузург доир гардида, онҳо нишон доданд, ки бо талошҳои муштарак мо ба посух ба ҳама гуна ғосибон омодаем», - гуфт ӯ.

Дар идома зикр гардид, ки «гузашта аз ин, феълан дар ҷануби Тоҷикистон сарбозону афсарони эҳтиётӣ омода мешаванд, зеро ба ҳама гуна сурат гирифтани воқеъа омода мебояд буд ва аз толибон ҳама чиро интизор шудан мумкин аст».

Бино ба қавли роҳбари МТС, вазъ дар шимоли Афғонистон рӯз то рӯз бад мешавад. «Мо ҳанӯз аввали соли 2014 огоҳ карда будем, ки нерӯҳое, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷамъ мешаванд, ба таври назаррас ба амнияти марз ва ҳамчунин вазъи умумӣ дар Осиёи Марказӣ таъсир расонида метавонанд. Акнун пешгӯиҳои мо тасдиқ шуда, агар аввали соли 2014 онҳо тақрибан 800 нафар буданд, пас айни замон шумори онҳо ҳудуди 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Зарфи ҳамагӣ ду сол шумори онҳо 10 баробар афзудааст», - таъкид дошт ӯ.

Худойбердӣ Холиқназар ҳамчунин изҳор намуд, ки акнун ба ҷуз Толибон, боз гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) низ арзи ҳастӣ кардааст. «Аввали соли 2015 аз маркази ДИИШ дар Ироқ барои таъсиси бахшҳо дар саросари Афғонистон ҳудуди 700 млн. $ маблағ равона карда шуд. Хуб аст, ки толибон онҳоро эътироф намекунанд. Дар ҳамаи музофотҳои Афғонистон мухолифату задухӯрдҳо миёни толибон ва ДИИШ ба мушоҳида мерасад. Бигзор якдигарро нобуд созанд, ҳарду гурӯҳ ҳам ба мо душмананд», - афзуд номбурда.