Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дода, бар асари он як тоҷикистонӣ ҳалок шуд. Нашрияи Turmush бо истинод ба манбаъҳои худ дар ин робита навиштааст, ҳодиса тақрибан соатҳои 16:00-17:00-и рӯзи 6 июл ба вуқӯъ пайваста, шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни тирпарронӣ захмӣ ва ба ҳалокат расидааст.
Бино ба навиштаи нашрия, дар қитъаи марз миёни кишварҳо дар мавзеи Кочо-Карини ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд бо истифода аз силоҳи оташфишон муноқиша сар задааст.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, дастаи марзбонони қирғиз 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро мушоҳида кардаанд, ки тариқи қитъаи ҳанӯз миёни ҷонибҳо мувофиқанашудаи марз ба дарунтари қаламрави Қирғизистон ворид шуда, ба автомашинаҳои мутааллиқ ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки бо роҳи мошингарди Ботканд - Исфана ҳаракат доштаанд, сангпартоӣ кардаанд. Ба талаботи марзбонони қирғиз ҷиҳати баргаштан ба қаламрави Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон итоат накарда, ба сӯйи марзбони қирғиз низ ба сангпартоӣ оғоз кардаанд», - зикр мегардад дар маълумоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.
Гуфта мешавад, дастаи марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда ҷиҳати пешгирии амалҳои авбошонаи шаҳрвандони Тоҷикистон тадбир наандешиданд. «Гузашта аз ин, марзбонони тоҷик ҳамроҳ бо шаҳрвандони зикршуда бо истифода аз қувва кӯшиш кардаанд, ки силоҳи марзбонони қирғизро азхуд кунанд», - менависад нашрия.
«Дар ҷараёни муноқиша аз ҳарду ҷониби як тир аз силоҳҳо парронида шуда, бар асари он шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудааст», - гуфтаанд дар хадамоти матбуот.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, ҳамчунин вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста