Шаҳрванди Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар қаламрави вилояти Уляновски Русия гумонбар дониста мешавад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии прокуратураи вилояти Уляновск, парвандаи ҷиноӣ нисбати 9 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба фурӯши маводи мухаддир дар минтақа машғул будаанд, ба баррасии суд ирсол шудааст.
Гуфта мешавад, соли 2012 шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Эмомиддин Шамсов ва сокини 38-солаи шаҳри Уляновск Шуҳрат Қараев як иттиҳоди ҷиноятпеша таъсис дода, аъзои он ба интиқоли маводи мухаддири героин аз Тоҷикистон ба Русия ва фурӯши диатсетилморфин дар қаламрави ин вилоят машғул будаанд.
«Фурӯши маводи мухаддирро Ҷаҳонгир Абдуллоеви 25-сола, Руслан Аглямови 38-сола, Равил Юнусови 39-сола ва дигар аъзои гурӯҳ бидуни вохӯрии бевосита тавассути пинҳонгоҳҳо анҷом дода, барои гирифтани маблағ низомҳои интиқоли пул ба шахсони дигар истифода бурда мешудааст», - қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Шамсов ва боз ду аъзои гурӯҳ таҳти пайгарди қонунии байнидавлатӣ қарор дошта, мутобиқи айбномаҳои ба Қараев, Абдуллоев, Аглямов ва Юнусов пешниҳодшуда, ба онҳо ҷазои аз 5 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста