Намояндагони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз, 8 июл аз макони муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл рухдода дар марзи ҳарду кишвар, ки бар асари он шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон захми марговар гирифт, боздид намуданд.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро, ки аз намояндагони нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ иборат аст, ёвари президент оид ба масоили амняти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳайати ҷониби Қирғизистонро раиси Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар Раимберди Дуйшенбиев роҳбарӣ кардаанд.
«Баъди боздид аз ҷойи ҳодиса тақрибан соатҳои 12-и рӯз дар шаҳри Исфара пушти дарҳои пӯшида гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир гардида, дар он ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба роҳ надодан ба истифодаи силоҳи оташфишон дар марз, суръат бахшидан ба раванди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста