Дар вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонӣ ва прокуратураҳои ҳарбии Қирғизистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ботканди кишвари ҳамсоя ҷонибҳо бобати аз ҷониби ҳар кадоме аз тарафҳо таҳқиқ кардани ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 6 июл дар қитъаи баҳсноки марз, ки ба ҳалокати шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон боис гардид, ба мувофиқа расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҷонибҳо ҳамчунин оид ба табодули маълумот дар бораи натиҷаҳои тафтишҳои гузаронидашуда тавофуқ ҳосил намуданд. «Тарафҳоро лозим аст, ки аз силоҳи кадом ҷониб захми марговар гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро муайян созанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи манбаъ, тарафҳо ҳамчунин бобати баргузор намудани машғулиятҳои иловагӣ миёни марзбонони ҳарду ҷониб оид ба рафтору муносибат дар хатти марз низ гуфтушунид карданд.
Мақомоти ҳокимияти маҳаллии Тоҷикистону Қирғизистон бо сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзии ҳарду кишвар вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, аз онҳо даъват доранд, ки ба иғвогариву эҳсосоти барзиёд дода нашаванд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 6 июл дар қитъаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дода , бар асари он як тоҷикистонӣ ҳалок шуд.
Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шоми рӯзи 6 июл ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд раҳсипор шуд, то ки аз наздик ба ҳаллу фасли мусолиматомези ин масъала расидагӣ кунад.
Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 519 километри он (ҳудуди 60 қитъа) дар сатҳи ҳайатҳои давлатӣ таъйину аломатгузорӣ ва тасдиқ шудааст. Дар 58 қитъаи боқимондаи баҳсноки марз гоҳ-гоҳ бо истифода аз силоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста