- Дар сурати шиддат гирифтани вазъи ноамнӣ дар марз бо Афғонистон, ки тибқи маълумоти расида дар он ҷо аллакай таҷаммӯъи ҷангиён ва террористон ба мушоҳида мерасад, Тоҷикистон набояд ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) умедвории зиёд дошта бошад, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат.
Ба қавли ӯ, СААД замони авҷи даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, моҳи майи соли 1992 дар Тошканд таъсис дода шуда, муддати мавҷудияти худ боре ҳам дар ҳаллу фасли мушкилот ва ихтилофҳо дар кишварҳои узви Созмон саҳми босазое нагузоштааст.
«СААД барои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, вуруди ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба ҷануби Қирғизистон соли 1999, хунрезиҳо миёни қирғизҳову ӯзбекҳо дар Ош соли 2010 ва умуман ба даъвати президенти онвақтаи Қирғизистон Роза Отунбаева ҳеҷ тасмиме рӯйи кор нагирифта буд», - қайд кард сиёсатшинос.
Ӯ таъкид дошт, беҳуда нест, ки сиёсатмадори дурандеш, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хориҷ шудан аз ҳайати СААД-ро афзал шумурд, зеро беш аз касони дигаре ӯ бефоидаву ҳеҷкора будани ҳузури кишвари худ дар ин Созмонро дарк намуд.
«Моҳи сентябри соли гузашта сарони кишварҳои узви СААД - Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи кумак ба марзбонони тоҷик барои таҳкими марз бо Афғонистон қарор қабул карданд. Як сол сипарӣ мешавад, вале ин қарор иҷронашуда боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, танҳо Беларус ва Арманистон ба марзбонони тоҷик ба маблағи умумии якчанд миллион доллар сарулибоси махсус ва автомобилҳои боркаш фиристодаанд, авиатсияи ваъдагӣ, муҳимоти ҷангӣ ва техникаро бошад, Тоҷикистон то ҳол дастрас накардааст», - афзуд коршинос.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 8 июл ИМА ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5 млн. доллари ИМА 87 адад автомобилҳои махсуси истеҳсоли Ҷопон тақдим кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста