Ахири ҳафтаи сипаришуда марзбонони тоҷик аз интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд.
Аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаби 5 ба 6 июл соати 01:00 шаб дар асоси маълумотҳои фаврӣ наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз дидбонгоҳҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 10-13 нафарро зимни убури ғайриқонунии хати сарҳад мебинанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шудан, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди дарозмуддат ба вуқӯъ омада, сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон додааанд.
«Дар натиҷа чанд нафар аз қочоқчиён захмӣ ва ду нафар кушта шуда, боқимонда бо истифода аз торикии шаб тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон ақибнишинӣ карданд», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 270 кг маводи мухаддири чарс мусодира ва ду ҷасади қочоқчии 35-40-солаи афғон дарёфт шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз тарафи мақомотҳои дахлдори КДАМ ҶТ оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста