Нимсолаи аввали соли равон зимни иҷрои корҳо дар бахшҳои саноату сохтмон 3 нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Санъат Раҳим дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони хадамот 7 ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.
«Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун тӯли ним сол 1 нафар ҳалок ва 1 тан ҷароҳат гирифтанд Миёни ҳалокшудагон як шаҳрванди Чин, корманди ҶДММ «Ширкати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ҳузур дорад», - қайд кард сардори хадамот.
Ба қавли ӯ, дар корхонаи истихроҷи ангишти «Фон-Яғноб» 2 ҳодисаи нохуш рух дода, 1 нафар ҳалок ва 1 тан ҷароҳат бардоштаанд. «Ин ҳодисаҳо бинобар сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва сатҳи пасти тахассуси касбӣ рух доданд», - гуфт номбурда.
Сардори хадамот таъкид дошт, ки дар ҷараёни санҷишҳои назорати техникӣ 114 нафар кормандони масъули корхонаҳо бо сабаби иҷро накардани талаботи қоидаҳои бехатарии корҳо дар саноат ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб ва ба сурати умум дар ҳаҷми 83,1 ҳазор сомонӣ ҷариманбандӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста