- Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба таври фаврӣ ва муносиб ба таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, омода бошад», - чунин мешуморад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
«Ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад бо ин мушкилоти тезутунд, ки хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мубориза барад», - изҳор дошт Э.Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.
Э.Раҳмон муҳимияти кӯшишҳои муштарак алайҳи «се адоват»-ро таъкид дошта, даъват кард, ки «кӯшишҳои якҷояро дар муборизаи зидди «се адоват» афзун намуда, ба ситезаҳои мавҷуда зарбаи қатъӣ зада, ба бархурд бо хавфу хатарҳои нав омода бошем».
Президенти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар давраи пешорӯ Созмони ҳамкории Шанхай бояд нисбат ба насли наврас ғамхории хосса зоҳир намояд.
Ӯ таъкид дошт, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳз ба ҷавонон таъсири зараровар расонид. «Насли ҷавони мо шоистаи бовар доштан ба фардо аст ва мо бояд барои ин бештар саъю кӯшиш намоем. Дар ин росто роҳ надодан ба ҷалби ҷавонон ба ҷунбишҳои мухталифи ифротӣ бояд мақсади асосии мо гардад», - гуфт Э.Раҳмон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста