Зимни вохӯрии имрӯза бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди аз ӯ дархост хоҳад кард, ки ба кишвараш фурудгоҳи «Айнӣ ба иҷора дода шавад. Ин фурудгоҳ бо кумаки молӣ ва техникии Хиндустон таҷдиду азнавсозӣ шуда, аввали моҳи сентябри соли 2010 расман ба истифода дода шуд. Дар ин бора ВАО-и Ҳиндустон иттилоъ медиҳанд.
Нашрияи Mail Today рӯзи 12 июл бо истинод ба сарчашмаи худ дар ҳукумати Ҳиндустон дар ин робита хабар додааст, ки бар асари фишори Русия, Деҳлӣ фурудгоҳи аз ҳисоби худаш навсозишударо ба иҷора гирифта наметавонад.
«Барои мо бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Дар масъалаи фурудгоҳи низомии «Айнӣ» қабл аз ҳама Тоҷикистону Русия бояд ба мувофиқа расанд», - зикр кардааст дар мусоҳиба ба Mail Today маршали ҳиндӣ Прадил Васант Найк.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ин масъала қайд кард, ки зимни сафари Ноди ба Душанбе ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои амнияту омодакунии кадрҳои ҳарбӣ барои Тоҷикистон дар мактабҳои олии Ҳиндустонро баррасӣ карда, «аммо баррасии масъалаи фурудгоҳи «Айнӣ» дар назар нест».
Як манбаъи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки боздиди нахуствазири Ҳиндустон аз фурудгоҳи «Айнӣ» аз эҳтимол дур нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста