Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар қаламрави вилоят нигаронӣ изҳор намуд.
«Ман ҳамчун прокурори вилоят аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар вилоят (8 ҳодиса бештар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014) дар ташвишам. Дар ҳамин ҳол, синни афроде, ки ба худкушӣ даст мезананд, дар муқоиса бо соли гузашта хеле ҷавонтар шудааст. Аз 87 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он 31-тоаш аз ҷониби ноблиғон содир шудааст», - иброз дошт прокурори вилоят.
Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба 7 ҳодиса аз рӯи далели то худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, ба баррасии суд ирсол гардидаанд ва таҳқиқи пешакии парвандаҳои ҷиноии боқимонда идома дорад.
«Ояндаи наздик масъалаи мазкурро мо дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баррасӣ карданием,то сабабҳои афзоиши чунин ҳодисаҳо ва роҳандозии тадбирҳои пешгирии онҳоро дарёбем», - афзуд прокурор.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста