Аз рӯи далели марги сарбози 18-солаи баҳори имсол ба хизмат даъватшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки то замони дастрас шудани натиҷаҳои расмии ташхиси судиву тиббӣ оид ба сабабҳои марги сарбоз мақомоти марзбонии кишвар аз шарҳу тавзеҳи ин масъала худдорӣ варзида буд. «Агар дар марги сарбоз ҳамхизматонаш даст дошта бошанд, гунаҳкорон назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт», - зикр кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов рӯзи 6 июл ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда шуд. Хешу табор ва наздикони сарбоз бар ин назаранд, ки ӯ аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ва лату кӯб ба ҳалокат расидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста