Рӯзи 13 июл аз маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷасади боз як сарбозро ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оварданд.
Ин ҷо дар бораи сарбоз Парвиз Дӯстматови 20-сола сухан меравад, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар ин мавзеъ хизмат мекард ва то анҷоми муҳлати хизматаш 8 моҳ боқӣ монда буд.
Ба гуфтаи хешу табор ва наздикони Парвиз, ҳангоми тановули хӯроки нисфирӯзӣ як ҳамхизматаш бо корд ба Парвиз дарафтодааст, вале аз ҷузъиёти ин ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.
Абдуқаюм Исматов, раиси маҳаллаи Домулло Азизови ҷамоати Хистеварз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки нисбати ҳамхизмате, ки аз дасти ӯ Парвиз ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 июл низ ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов оварда шуда буд. Хешу табор ва наздикони сарбоз бар ин назаранд, ки ӯ аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ва лату кӯб ба ҳалокат расидааст.
Аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон итттилоъ дода буданд, ки аз рӯи далели марги Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста