Дар қатли Сумайя Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик рӯзи 28 март дар Қоҳира, ки ҳамроҳи модар ва се бародараш дар пойтахти Миср иқомат дошт, тағояш гумонбари асосӣ дониста мешавад.
Аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Миср ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона тағои Сумайя боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бо мусоидати сафорат ҷасади духтар ба Тоҷикистон фиристода шуда, модараш ва се нафар кӯдакони дигари ин хонавода низ феълан дар Тоҷикистон қарор доштаанд.
«Мақомоти салоҳиятдори Миср таҳқиқи ин ҳодисаро идома дода, намояндагони сафорат дар ҳамаи мурофиаҳои судӣ ҳузур доранд», - изҳор дошт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, оид ба чӣ гуна айбнома пешниҳод шудан ба гумонбар аз ҷониби мақомоти тафтишоти Қоҳира манбаъ аз пешниҳоди маълумоти саҳеҳ худдорӣ варзид. Ҳамчунин аз ному насаби гумонбар ва ҷузъиёти дигари ҳодиса низ маълумот дастрас нагардид.
Ёдрас мекунем, ки он замон сардори департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд , ки зодаи Душанбе Сумайя Раҳматова рӯзи 28 март барои харидории шириниҳо аз мағозаи назди манзили зисташон аз модараш иҷозат пурсида, аммо ба гуфтаи модараш, агар ӯ ҳамеша баъди гузашти 10-15 дақиқа аз мағоза бармегаштааст, ин дафъа аз он ҷо баъди 2 соат баргаштааст.
«Тамоми сарулибоси ӯ ба хун олуда буд. Духтар сухане ба забон оварда натавониста, гиря мекардааст ва ҳамеша бо ангуштонаш рақами «се»-ро нишон медодааст. Пас аз гузашти 20 дақиқаи ба манзил расидан ӯ дар дастони модараш ҷон додааст», - иброз дошта буд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста