Дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои нави Шуъбаи ВКЛ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, тарҳи бинои ояндаи ШВКД бо назардошти шароитҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ омода гашта, корҳои сохтмонии ин иншоот босуръат идома доранд. «Масолеҳи сохтмонӣ сари вақт таъмин гашта, сохтмончиён кӯшиш доранд, иншоотро дар мӯҳлати пешбинишуда сохта, ба истифода диҳанд», - омадааст дар хабари вазорат.
Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ оид ба ҷоннок намудани корҳои сохтмонӣ ва диққати бештар додан ба сатҳу сифати он ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои иловагӣ дод.
Қобили зикр аст, ки сафари кории вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ба ВМКБ аз 18 июл ҷараён дорад.
Ёдрас мекунем, ки бинои пешинаи ШВКД-и шаҳри Хоруғ ҳангоми бетартибиҳои оммавии моҳи майи соли 2014 дар шаҳр пурра ба коми оташ рафта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста