Ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи боздошти ду нафар савдогарони бозори «Корвон» хабар доданд, ки содир намудани амалҳои террористӣ дар 12 шуъбаи милиса дар шаҳри Душанбеву Кӯлоб ва водии Рашту ноҳияи Файзободро тарҳрезӣ намуда будаанд.
Шоми рӯзи 23 июл дар телевизиони давлатӣ дар ин бора оид ба пешгирии як силсила амалҳои террористӣ аз ҷониби боздоштшудагон гузориш пахш шуда, зикр гардид, ки онҳо бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Тоҷикистон робита доштаанд.
Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, тибқи нақшаи террористон, онҳо ин амалҳои террористиро бояд дар даҳаи сеюми моҳи Рамазон содир мекарданд.
Гуфта мешавад, иҷрокунандаи асосии эҳтимолии ин амалҳо Бобоҷон Раҷабови 25-сола, зодаи шаҳри Кӯлоб, иқоматдошта дар шаҳри Душанбе ва ҳаммаслаки ӯ - сокини ноҳияи Рӯдакӣ Садриддин Ҷабборов боздошт шудаанд.
Дар гузориши телевизионӣ қайд шуд, ки боздоштшудагон ният доштаанд, ки 10-12 шуъбаи милиса, 3-тогӣ дар шаҳри Душанбеву Кӯлоб ва водии Рашту ноҳияи Файзободро тарконанд.
Бо ин мақсад онҳо баллонҳои кислородӣ ва дигар «таҷҳизот» барои содир намудани амалҳои террористиро омода намуда, барои «пурсамартар» шудани он таҷҳизоти таркандаро бо асбобҳои металлӣ пур карданӣ будаанд.
Ба қавли боздоштшудагон, аз ҷумла Бобоҷони Раҷабалӣ, қаблан тариқи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ӯ бо шахсе бо номи Абӯ Саид, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Сурия меҷангидааст, робита пайдо мекунад.
Бобоҷони Раҷабалӣ ба Абӯ Саид гуфтааст, ҷиҳати иштирок дар «ҷиҳод» ба Сурия рафтанист, вале Абӯ Саид, ки минбаъд Бобоҷон ӯро устод меномидагӣ шудааст, ба ӯ мегӯяд, ки «ҷиҳод»-ро дар Тоҷикистон ҳам метавон анҷом дод.
Дар идома «устод» ба «шогирд» оид ба чӣ гуна содир кардани амали террористӣ дастурҳо медодааст. Ӯ ба Бобоҷон супориш додааст, ки 100 баллони кислородӣ харида, бо ёвари пайдокардааш таҷҳизоти таркандаро омода ва дар як рӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар як силсила амалҳои террористиро амалӣ созад.
Ба сифати «объектҳо»-и амалҳои террористӣ шуъбаҳои милиса дар минтақаҳои гуногун интихоб шудаанд. Садриддин Ҷабборов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ розӣ шудааст, ки ба Бобоҷони Раҷабалӣ кумак кунад. Ӯ ҳам нияти сафар ба Сурия барои иштирок дар «ҷиҳод»-ро доштааст.
Гуфта мешавад, ба ин террористони эҳтимолӣ афроде бо номҳои шартии «Рӯдакӣ», «Муҳаммад Рӯдакӣ» ва «Файзобод» кумак мекардаанд.
«Террористони эҳтимолӣ - Бобоҷони Раҷабалӣ ва Садриддин Ҷабборов боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд. Аз онҳо миқдори зиёди баллонҳои ксилородӣ ва дигар маводу таҷҳизоти зарурӣ барои анҷом додани таркиш мусодира шуд», - қайд шуд дар гузориш.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста