Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар робита ба ташвишҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бобати ба ватан баргаштанаш изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. «Нисбати ӯ ягон парвандае боз нашудааст», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, изҳор намуда буд , ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.
«Ман аз он ба ҳайрат омадам, ки дар остонаи ҷашн (Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, 27 июн) тариқи ВАО-и давлатӣ эълом доштанд, ки нисбати ман парвандаи ҷиноӣ омода мешавад, зеро 17 сол пеш ман гӯё амволи худро нодуруст фурӯхта будаам. Чӣ гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, вақте ин амволи ман аст? Ба ҳар ҳол, агар ба ман саволҳо медоштанд, онро метавонистем баъди ҷашн баррасӣ кунем. Гузашта аз ин, муддати ин 17 сол ман ду маротиба вакили парлумон будам ва бисёр афвҳо мавриди амал қарор гирифтанд», - гуфта буд Кабирӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста