Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати афсари қисми низомии 2604 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар марги сарбоз Аъзам Убайдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда мутобиқи моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) оғоз гардидааст.
Рӯзи 24 июл ҷасади сарбози қисми низомии 2604 нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Аъзам Убайдуллоевро ба ҷамоати Кулқандии шаҳри Исфара меоранд. Ӯ баҳори ҳамин сол ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда будааст.
Падари сарбоз Аҳтам Убайдуллоев ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин қазия гуфт, бори охир Аъзам шаби 23 июл ба занг зада, дархост намудааст, ки ба ӯ 400 сомонӣ фиристанд ва аз рафтори бади ҳамхизматонаш шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин бори нахуст набудааст, ки Аъзам фиристодани пулро талаб мекардааст, зеро ду моҳи дигар ҳам параш бо хоҳиши ӯ 600 сомонигӣ фиристодааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 июл аз маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷасади сарбоз Парвиз Дӯстматови 20-соларо ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оварданд.
Рӯзи 6 июл низ ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов оварда шуда буд. Хешу табор ва наздикони сарбоз бар ин назаранд, ки ӯ аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ва лату кӯб ба ҳалокат расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста