Коршиноси масоили мубориза бо хариду фурӯши одамон, полковники милитсия Ҷумъахон Каримов бар ин назар аст, ки дар шароити Тоҷикистон мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба истисмори инсон хеле мушкил аст.
Дар ин робита ӯ қайд намуд, ки бинобар сабаби баъзе омилҳои махсуси миллӣ ва динӣ дар ҷумҳурии мо одамон аз чунин ҷиноятҳо сухан гуфтанро зарур намешуморанд. « Дар ин ҳолатҳо ошкор кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ ва муҷозоти ҷинояткорон қариб ки амалан ғайриимкон мегардад», - иброз дошт ӯ.
Коршинос бо изҳори таассуф таъкид дошт, ки миёни занони тоҷик фоҳишагарӣ зиёд шуда, аз тадбирҳои андешида дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст намеоянд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, изҳор дошт дар идома Каримов, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 66 нафар занони машғул ба фоҳишагарӣ ошкор карда шудаанд.
«Мақомоти давлатии бевосита машғул ба муқовимат бо хариду фурӯши одамон бояд ба ҷиноятҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва дар навбати аввал ҷалби ноболиғон ба ин гуна ҷиноятҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд», - зикр кард номбурда.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки маҷбур кардан ба фоҳишагарӣ ҷинояти вазнин аст ва мебояд бо он муборизаи беамонро роҳандозӣ намуд. «Маълум нест, ки чӣ миқдор аз ин 2 ҳазору 66 нафар занон қурбони ҳодисаҳои хариду фурӯш шуда, маҷбуран мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд», - афзуд коршинос.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 30 июл дар СММ Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон қайд карда шуда, тибқи арзёбии СММ, дар ҷаҳони муосир имрӯз ҳудуди 21 млн. нафар дар ғуломӣ ба сар мебаранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста