Имрӯз намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии полковник Самади Аббосӣ аз хадамоти «Интерпол»-и ин кишвар, полковник Алиризо Манучеҳри Ободӣ - сардори бахши омӯзиши байналмиллалии Донишгоҳи улуми Эрон ва полковник Муҳаммадсодиқи Маҷидӣ - муовини вобастаи низомии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ боздид намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, меҳмононро сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол» подполковники милитсия Машрабзода Ҷамшеди Хол пешвоз гирифт.
Дар толори маҷлисгоҳ вобаста ба фаъолияти хадамотҳои «Интерпол»-и Тоҷикистону Эрон вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои марбут ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии амалҳои ҷинояткорона ва дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба миёни хадамотҳои дахлдори ду кишвар, мубодилаи таҷриба ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.
Пас аз вохӯрӣ, ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз утоқҳои кории кормандони БММ «Интерпол»-и Тоҷикистон дидан намуда, бо шароити кории кормандони ин ниҳод шиносоӣ пайдо намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста