- Комиссияҳои таъсисдодашудаи Тоҷикистону Қирғизистон роҳу воситаҳои ҳаллу фасли муноқиша миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии ҳарду кишварро баррасӣ мекунанд, - иттилоъ дода мешавад дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон.
«Айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол оварда шуда, пас аз вохӯрии намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллии ҳарду кишвар мардум пароканда шуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо бо реҷаи пурзӯри адои хизмат фаъолият доранд. Ҳамчунин корҳои ҳисобу китоби зиёни расида бар асари муноқиша ҷараён дошта, бо мақсади ошкор ва ба муҷозот кашидани шахсони гунаҳкор дар ин муноқиша тафтишот гузаронида шуда истодааст», - қайд кардааст муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев.
Ӯ таъкид доштааст, ки гурӯҳҳои кории махсуси таъсисёфта дар сатҳи ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба маҳаллӣ ҳодиса омада, бо аҳолии минтақаи наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. «Зимни вохӯриҳо сабаб ва воситаҳои имконпазири ҳаллу фасли ин мушкилот миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», - иброз доштааст Маматалиев.
Дар маълумоти ҳукумати кишвари ҳамсоя зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввали гуфтушунидҳо ҷонибҳо оид ба дар як вақт кушода шудани роҳ барои сокинон ба қабристони деҳаи Кок-Тош (Қирғизистон) ва оби ҷӯйбор (канал) ба деҳаи Чоркӯҳи Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтушунидҳоро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим сарварӣ мекунад.
Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта (3 август) дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста