Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Фармондеҳии Марказии ИМА маросими супоридани воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти тактикӣ, асбобҳои коммуникатсионӣ барои Агентӣ аз тарафи Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, воситаҳои техникии мазкур барои ҷоннок намудани мубориза бо гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноии байналмилалӣ, хусусан дар шароити кӯҳсор равона шудааст.
Гуфта мешавад, муовини якуми Директори Агентӣ полковник Самад Зафар миннатдории хешро барои дастгирии техникӣ ба ҷониби Америка баён намуда, ба ҳамкориҳои байни АНМН ва Сафорати ИМА дар ҶТ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.
Роҳбари Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Фармондеҳии Марказии ИМА майор Энтони Гарбаускас инчунин ба тамоюли судманди ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар ин самт баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки саҳми Агентӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар солҳои охир хеле назаррас аст.
Ӯ қайд намуд, ки ИМА минбаъд ҳам кӯшиш менамояд, ки ҳамкориро бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон дар ин самт фаъол намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста