Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи муҷозоти гунаҳкорони муноқишаи рӯзҳои 3-4 август дар марз, ки бар асари он аз ҳарду ҷониб сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд, ба мувофиқа расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шахри Исфара хабар дод, дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара рӯзҳои 5-6 август вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки Тоҷикистонро дар он муовини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Пираков ва Қирғизистонро муовини сардори Хадамоти марзбонии ин кишвар Искандар Мамбеталиев намояндагӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар гуфтушунид ҳамчунин намояндагони мақомоти умури дохилаи кишварҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ҳузур доштанд. «Ҷонибҳо ҳамчунин масоили истифодаи муштараки роҳҳо ва захираҳои обӣ дар қитъахои баҳсноки марзи давлатиро низ баррасӣ намуданд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз субҳи имрӯз ҷонибҳо ба баррасии масъалаҳои баҳсноки қитъаҳои замин дар ин минтақаи марз шурӯъ карда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул мекунанд.
Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта (3 август) дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста