Раисони ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд имрӯз дар қаламрави яке аз қисмҳои низомии гарнизони маҳаллӣ аз сатҳи омодагӣ ва огаҳӣ аз кори ҳарбӣ санҷиш месупоранд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раисони шаҳру навоҳии вилоят қаблан оид ба ташкили худмудофиаи маҳаллӣ, сафарбарии сарбозону афсарони дар эҳтиёт қарордоштаи артиши миллӣ ва истифодаи аслиҳаи оташфишон дар давраҳои омӯзишӣ таълим гирифтаанд.
«Раисони шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ имрӯз оид ба омодагӣ, малакаҳо ва донистани кори ҳарбӣ ба афсарони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар санҷиш месупоранд», - қайд кард манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста