Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида сафари омӯзишии панҷрӯзаро дар ИМА барои ҳафт нафар иштирокчиён аз қабили ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд.
Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар доданд, ҳайати мазкурро сардори шӯъбаи ҳифзи бехатарии ҷамъиятии ВКД, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва сардорони шӯъбаҳои милитсияи минтақавӣ ва ноҳиявӣ муаррифӣ намуданд. Омӯзиши мазкур, ки сафари иштирокчиёнро ба шаҳрҳои Вашингтон, округи Колумбия ва Бостони иёлоти Массачусетс дар бар гирифт буд, ба Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш аз усулҳои анъанавии ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба усулҳои пешгирикунанда, ки ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа равона шудаанд, мусоидат хоҳад кард. Ҳангоми сафарашон дар ИМА, иштирокчиён дар бораи нишон додани вокуниш нисбат ба зуроварӣ дар оила, ифротгароии хушунатомез ва радикализатсия, ва баробарҳуқуқии ҷинсӣ дар рафти ба кор қабул кардани шаҳрвандон дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дастури муносиб гирифтанд.
Дар Вашингтон ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони расмӣ аз Идораи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), Идораи муҳориба бар зидди терроризм (CT), Вазорати адлияи ИМА, Вазорати бехатарии миллии ИМА, Дафтари полиси минтақавии Чарлз ва академияи агентии федералии тафтишотӣ вохӯрданд. Роҳбарони милитсияи Тоҷикистон роҳҳои нави мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез ва густариш додани ҷомеаи устуворро мушоҳида намуда, стратегияи миллӣ оид ба коҳиш додани зӯроварӣ дар оиларо аз худ намуданд. Ҳангоми вохӯрӣ бо муовини ёвари Котиби давлатӣ Ҷеймс Волш, иштирокчиён миннатдории худро ба ҳукумати ИМА барои дастгирӣ иброз намуда, муваззаф шуданд, ки донишу малака ва таҷрибаи аз худ кардаро ба нафъи фаъолияти милитсияи Тоҷикистон истифода намоянд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои адлияи Тоҷикистонро дар оянда низ дастгирӣ намуда, ҳамкории худро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он идома хоҳад дод. Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста