Дар доираи сафари прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона, вохӯрии дуҷонибаи прокурори генералии Тоҷикистон бо прокурори генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаева баргузор гашт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Прокураураи генералии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ, масъалаҳои мусоидат ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирии ҳодисаҳо ва муноқишаҳои аҳолии наздисарҳадӣ, дақиқан ва объективона пеш бурдани тафтишоти ҳодисаҳои бавуҷудомада, аз ҷумла созмон додани гуруҳҳои муштараки тафтишотӣ, бозпас додани маҳбусон - шаҳрвандони якдигар барои адои минбаъдаи ҷазо дар қаламрави ватани хеш ва ғайра баррасӣгардиданд.
Гуфта мешавад, дар натиҷа бо мақсади амалан татбиқ намудани масъалаҳои баррасишуда, байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Қирғизистон оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ Созишнома ба имзо расонида шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста