Бо фармонҳои худ имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 5 нафар намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаи навбатии генерал-майор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба поковники адлия Сафаралӣ Мирзозода– муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд.
Ҳамчунин полковники милитсия Бароталӣ Ҳамидзода - сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия», полковники милитсия Хуршед Муҳаммадзода - сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия» ва полковники хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода – сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори хизмати дохилӣ» сарфароз гаштанд.
Гуфта мешавад, ба полковник Амирбек Бегназаров -сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ рутбаи ҳарбии «Генерал-майор» дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста