Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мусиақил (ИДМ), ки дар шаҳри Минск доир мегардад, Тоҷикистонро муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур баррасии масоили афзалияноки ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии кишварҳо ва ҷараёни амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ дар назар аст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии лоиҳаи аснод оид ба ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар мубориза алайҳи ҷиноятҳо дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, такмили ҳамкориҳо дар бахши муқовимат бо рабудани воситаҳои нақлиёт, тасдиқи Дастури тартиби фаъолияти Пойгоҳи махсуси маълумоти Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар ҷиноятҳои хавфнок, табодули маълумот дар самти пешгирии амалҳои ғайриқонунии иттиҳодияҳои ғайрирасмии мухлисони дастаҳои варзишӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти маводи нави психотропӣ ва воситаҳои нашъаовар низ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ дидору гуфтушуниди нахуствазири Беларус Андрей Кобяков бо аъзои Шӯро ва як қатор вохӯриҳои дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста