Гумонбарон ба ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат афсарони сохторҳои қудратӣ мебошанд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ тибқи квотаи 30-фоиза ба мақомоти ҳукуматӣ шомил шуданд. Хукуматдорони расмӣ изҳор мекунанд, ки ҳарду гумонбаршуда чанде қабл аз кор озод шудаанд.
Дар роҳандозии ин ҳодисаҳо мақомот Зиёвуддин Абдуллоев ва Ҷунайдулло Умаровро гумонбар медонанд. Ҳардуи онҳо собиқ фармондеҳони саҳроии сохторҳои мусаллаҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мебошанд. Пас аз ба сулҳу созиш расидан онҳо ба ҳайати ВКД ва Вазорати мудофиаи Тоҷикиситон шомил гардиданд.
Чун қисмати асосии нерӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷикро аъзои ҲНИТ ташкил медоданд, «Азия-Плюс» ба ин ҳизб муроҷиат намуд, то аз қаблан ба кадом кор машғул будани гумонбаршудагон воқиф гардад.
Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит дар ин робита қайд кард, ки дар сафҳои мухолифин шахсе бо номи Зиёруддин Абдуллоев ҳузур дошт, аммо дар бораиЗиёвуддин Абдуллоев ӯ чизе намедонад.
Ба гуфтаи ӯ, Зиёруддин Абдуллоев майори милиса буда, ба ҳайси сарнозири минтақавӣ дар дараи Ромит фаъолият мекард. «Ӯ зодаи деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат аст. Баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ тибқи квотаи 30-фоиза ӯ ба ҳайати қушӯнҳои дохилии ВКД шомил гардида, муддати тӯлонӣ дар шаҳри Ваҳдат хизмат мекард», - иброз дошт муовини раиси ҲНИТ.
Дар робита ба Ҷунайдулло Умаров, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ муовини раиси ҲНИТ изҳор намуд, ки ӯ низ ҷангии мухолифин буда, замоне коменданти шаҳри Душанбе ва сипас дар вазифаи сардори нозироти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ кор кардааст.
Қобили зикр аст, ки нисбат ба ҳодисаи тирппаронӣ дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ВКД алҳол ҳеҷ гуна изҳороти расмӣ пахш накардааст.
Акс аз ҷойи тирпарронӣ дар гардиши фурудгоҳ




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста